Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 15.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нафту газ байни Тоҷикистон ва Русия зимни мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Газпромнефт-Ноябрскнефтегаз»-и Федератсияи Русия Иван Пётров дар Душанбе баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷонибҳо доир ба имконияти ба роҳ мондани ҳамкории судманд байни Ҷамъияти саҳомии «Газпромнефт-Ноябрскнефтегаз» ва ширкати «Петролеум Суғд»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа тақвияти муносибатҳоро дар заминаи қонунгузории амалкунанда ва бо назардошти манфиатҳои ҳарду тараф ҷонибдорӣ намуд.
Мусоҳибон барои идомаи муколамаи судманд ва таҳияи нақшаи ҳамкории мушаххас изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






