Ангурпарварӣ дар вилояти Суғд рушд меёбад
ДУШАНБЕ, 27.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро», ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст, дар 5 гектар сохтмони гармхонаи муосирро бо истифода аз технологияҳои пешрафта ба нақша гирифтааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Маҳсулоти асосии гармхона — помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, бодинҷон ва навъҳои гуногуни кабудӣ мебошанд, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тоза нақши муҳим хоҳанд бозид.
Ба иттилои масъулин, шароити мусоиди табиию иқлимии минтақа имконият фароҳам меорад, ки маҳсулоти полезӣ дар гармхонаҳо дар тамоми фасли сол парвариш карда шавад.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» инчунин дар 3 гектар боғ бунёд карда шудааст, ки дар он он ду навъи ангур — «ҳусайнӣ» ва «кишмиш» парвариш меёбад.
Масъулин иброз доштанд, ки ҳосили ангур дар ин мавсим хушсифат буда, ба талаботи бозор ҷавобгӯ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғл майдони боғҳои ангур сол аз сол рӯ ба афзоиш ниҳода, деҳқонон дар самти рушди ангурпарварӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.
Ин тадбирҳо на танҳо барои ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, балки барои таъсиси ҷойи нави кор ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд






