Аз моҳи сентябри соли 2025 музди меҳнати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар 10 фоиз зиёд карда мешавад

Июль 26, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 26.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тасмим гирифтааст, ки дар пайравӣ ба сиёсати иҷтимоии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2025 музди меҳнати кормандону омӯзгоронро аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ 10 фоиз зиёд намояд. Дар ин хусус ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Маҳмадалӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ба маълумоти ректор, ин иқдом ҳамзамон дар заминаи амалӣ гардидани қарорҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, тибқи дастури Президенти Тоҷикистон, маоши омӯзгорон аз 1 сентябри соли 2025 боз 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Маҳмадалӣ Қурбонзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз сохтмони студияи таҷрибавии телевизионӣ барои донишҷӯёни бахши рӯзноманигорӣ хабар дод. Ба иттилои ӯ, ҳоло сохтмон ва таъмири студия пурра анҷом ёфта, тамоми таҷҳизоти зарурии техникӣ ворид карда шудаанд. Ин студия, ки дар асоси талаботи замони муосир ва ба хотири таҳкими маҳорати амалӣ ва касбии донишҷӯёни ихтисоси журналистика бунёд шудааст, қарор аст дар соли таҳсили 2025-2026 ба таври расмӣ ба истифода дода шавад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Июль 26, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид