Бахшида ба ворид шудани дараи Алмосӣ ба Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ дар Ҳисор ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ворид шудани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тойифии гулобӣ ба Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ дар шаҳри Ҳисор дар мавзуи «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тойифии гулобӣ- мероси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аз созмондиҳандагони ҳамоиш буданд.
Дар ҳамоиш олимону коршиносони соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ дар мавзуъҳои «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ», «Зоти гӯсфанди ҳисорӣ: ҳолат, дастовард ва дурнамои парвариши он», «Навъу намунаҳои ангури Тоҷикистон ва рушди соҳаи токпарварӣ» маъруза намуданд.
Дар доираи ҳамоиш олимони соҳа ва меҳмонон ҳамзамон бо токзори хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, ки бо усули бобоӣ ва ҳозиразамон бунёд ёфтаанд, намоиши гӯсфанди зоти ҳисорӣ, ки чорводорони шаҳр баргузор намуданд ва ҳунарҳои мардумию намунаи таом ва пухтупази миллии кадбонуҳои шаҳри Ҳисор шинос гардиданд.
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ягона маконест, ки аз ҷониби Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидааст.
Бояд гуфт, ки ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки онҳо аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ доранд.
Дараи Алмосӣ, ки дар минтақаи кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, низоми кишоварзии нодиреро ташкил медиҳад, ки дар он чорводорӣ ва парвариши зироати кишоварзӣ якҷоя амал мекунанд. Дар ин ҷо навъҳои маҳаллии гандум, ҷав, сабзавот ва ангур, бахусус тойифии гулобӣ парвариш меёбанд, ки аз он шарбату мавиз ва нӯшокиву шароб истеҳсол менамоянд. Ҳамчунин дар минтақа гӯсфандони зоти ҳисорӣ, ки ба шароити сахти иқлим мутобиқанд, парваришу нигоҳубин карда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






