Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 24.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 июл дар маркази ноҳияи Рашт барои роҳбарону кормандони бахши даромадҳои давлатии мақомоти молия дар минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар машварат намояндагони сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молия иштирок намуданд. Дар он масъалаи тақвият бахшидани раванди таҳияи лоиҳаи қисми даромади буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2028 бо назардошти ислоҳоти охирини қонунгузории андозу буҷет мавриди таҳлил қарор гирифт.
Зимни машварат таҳлили манбаъҳои воқеии даромад, такмили механизмҳои пешгӯии нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, тартиби дурусти воридсозии рақамҳои назоратии даромади буҷети давлатӣ дар Низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ, инчунин ҷанбаҳои амалии тағйироти воридгардида ба қонунгузории андоз ва татбиқи онҳо баррасӣ карда шуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






