Бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷамъомадӣ таълимӣ-методӣ доир гардид

Июль 21, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 21.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18–19 июл бо ҷалби ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва фармондеҳони навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ-методӣ доир гардид. Омодагӣ ба марҳилаҳои ташкилу баргузории ҷамъомад бо сафороиву вазифагузории иштирокчиёни он дар пойгоҳи қисми ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат оғоз ёфт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар доираи машғулияти назариявии рӯзи аввали ҷамъомад ҳайати шахсӣ дар толори асосии вазорат ба омӯзиши мавзуъҳои мубраму зарурӣ, аз қабили истифодаи ҷузъу томҳои қӯшунҳои ракетӣ-артиллерӣ, ташкили таъминоти муҳандисӣ  ва ташкили фаъолият оид ба нигоҳ доштани ҳолати руҳӣ-равонии хизматчиёни ҳарбӣ фаро гирифта шуданд.

Иброз гардид, ки ин гуна машқу тамринҳо дар ҷузъу томи Артиши миллӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун бо истифода аз силоҳҳои оташфишони сабуки ҷангӣ, мошинҳои махсуси низомӣ ва техникаҳои вазнину зиреҳпӯши ҳарбӣ пайваста гузаронида мешаванд, то ки афсарону сарбозон барои иҷрои саривақтии вазифаҳои пурмасъули низомии хеш ҳамеша дар сатҳи баланди омодабош қарор дошта бошанд.
Маҳз бо ҳамин мақсад ҳайати шахсии навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ низ вобаста ба ҳадафу таъйиноти вазифавӣ чунин машғулияти амалии таълимиро дар пойгоҳи қисму воҳидҳои низомӣ ва машқгоҳҳои ҳарбии ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ мунтазам доир менамояд.

Машқҳои тактикӣ яке аз унсурҳои асосии баланд бардоштани омодагии ҷангии афсарону сарбозон ба шумор меравад. Зимни ҷамъбасту натиҷагирии машқҳои намоишӣ ва марҳилаҳои амалию тактикии ҷамъомади навбатӣ дар қароргоҳи яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар гарнизони Хатлон иброз карда шуд, ки омодабошии доимии ҷангӣ ва дар ин замина мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат фаъолияти ҳамешагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Барои ҳимояи Ватан дар баробари ҳар афсару сарбоз, инчунин шаҳрвандони комилҳуқуқи мамлакатро низ зарур аст ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 21, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд