Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
ДУШАНБЕ, 05.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҳайати намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо амалишавии лоиҳаҳои вобаста ба таҷдиди шабакаҳои кӯҳнаи партовоб ва сохтмони шабакаҳои навро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба саҳми ин ниҳоди бонуфузи молиявии байналмилалӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, густариши ҳамкории минбаъда ва ҷалби сармоя ба самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон як қатор лоиҳаҳои муҳим – бахусус дар самти беҳтарсозии таъминоти оби нӯшокӣ ва таҷдиди шабакаҳои партовоб ба иҷро расонида шудааст. Дар идомаи ин раванд, ҷалби маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар назар аст.
Ёдоварӣ гардид, ки солҳои охир бо супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, боиси беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гардидааст.
Айни замон масъалаи таҷдиди шабакаҳои кӯҳнаи партовоб ва сохтмони шабакаҳои нав бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва бунёди иншооти таъиноти гуногун аз масъалаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.
Намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ҳамкории мутақобилан судманд бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сол то сол густариш меёбанд. Онҳо таъкид доштанд, ки БАТР омода аст дар доираи лоиҳаҳои муҳими пешниҳодгардида сармоягузории худро ба роҳ монад.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми шарикони рушд, аз ҷумла БАТР дар шаҳри Хуҷанд якчанд марҳилаи лоиҳаҳои обтаъминкунӣ татбиқ гардидааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






