Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Малдив дар Хуҷанд баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 22.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 Тоҷикистон — Малдив дар Хуҷанд баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Бозии дастаи миллии Тоҷикистон ва тими Малдив 9 октябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд соати 18:00 оғоз меёбад.
Интихоби Хуҷанд ба унвони макони баргузории бозии дастаи миллии Тоҷикистон тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон барои таблиғи футбол дар минтақаҳои мухталифи мамлакат ва барои мухлисон фароҳам овардани имконият барои пуштибонӣ намудани тими мунтахаби Тоҷикистон аст.
Дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд қаблан бозиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол, Ҷоми AFC ва ҳамчунин бозиҳои дӯстонаи дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон баргузор шудаанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






