Дар 5 моҳи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод

Июль 7, 2025 16:54

ДУШАНБЕ, 07.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муносибатҳои дуҷонибаи дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи 1993 барқарор гардида, дар пояи пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд. Шуруъ аз моҳи марти соли 1997 дар маркази ҳар ду давлат сафоратҳо ба фаъолият шуруъ карданд. Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 100 санадро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки санадҳои асосие, ки самтҳои ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар он принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудаанд, Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некӯҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 мебошанд.

Санадҳои мазкур  асоси муносибатҳои се даҳсолаи истиқлоли давлатии кишварҳоро ташкил медиҳад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ду давлат  ва ду халқи бародарро сафарҳои роҳбарияти олии ҳар ду кишвари ҳамсоя боз ҳам ба якдигар наздик намуд. Бо мақсади расонидани муносибатҳои дуҷониба ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ, дар сатҳи сарони кишварҳо ташрифҳои тарафайни дӯстона аз нав барқарор карда шуданд.

Аз соли 1991 то айни замон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор маротиба (январи соли 1993, майи соли 1998, майи соли 2013 ва июни 2021) бо сафари расмӣ ба шаҳри Бишкек ташриф оварданд. Ҳамзамон 12-13 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом доданд, ки дар амри густариши самтҳои гуногуни муносибатҳои байнидавлатии дуҷониба, бидуни муболиға, марҳалаи нав боз гардид ва барои ба сатҳи сифатан нав боло бурдани онҳо дар арсаҳои гуногун шароити хубе фароҳам гашт.

Дар ҷараёни музокироти сатҳи олӣ масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди он дар фазои дӯстиву созандагӣ ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмию ҳамсоягии нек ботафсил баррасӣ гардид. Махсусан иштироки маҷозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар маросими ифтитоҳи ду гузаргоҳи наздисарҳадии воқеъ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Ботканти вилояти Ботканти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳим арзёбӣ мегардад.

Ифтитоҳи ин гузаргоҳҳо дар рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷониба нақши басо муҳим дошта, дар саҳифаҳои таърихи навтарини ду давлати ба ҳам дӯст то абад ба ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.

16 асноди дуҷонибае, ки дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расидаанд, гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки аҳду паймонҳои умдаю ҷиддӣ ба даст омадаанду дар байни онҳо Шартнома дар бораи марзи давлатӣ санади воқеан таърихӣ ва натиҷаю зуҳуроти баръалои фарҳанги баланди сиёсии гузашту муросо маҳсуб меёбад. Зиёда аз ин, ин санади деринтизор комилан дархури манфиатҳои ҳар ду кишвар ва мардуми дӯсту бародар аст.

Бояд гуфт, ки ҳамкории иқтисодӣ яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатӣ ба ҳисоб мераванд. Ингуна ҳамкорӣ на танҳо ба рушди иқтисодии кишварҳо мусоидат мекунанд, балки дар таҳкими дӯстӣ, сулҳ ва субот низ нақши калидӣ мебозанд. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт ва энергетика аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ҳамкорӣ мекунанд. Ҳарду кишвар барои рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ва раванди ҳамгироии он саҳм мегузоранд. Ҳамкории иқтисодӣ дар муносибатҳои дуҷониба на танҳо ба рушди иқтисод, балки ба таҳкими субот, сулҳ ва муносибатҳои сиёсӣ мусоидат мекунанд. Давлатҳо тавассути ҳамкории тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва инфрасохтор метавонанд манфиатҳои муштаракро ҳифз намуда, муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро тақвият бахшанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  дар соли 2024 гардиши савдои мутақобила байни  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 12,2 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 0,5 миллион доллар ё 4,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 0,7 миллион доллар ба содирот ва 11,5 миллион доллар ба воридоти молу маҳсулот рост меояд. Дар соли 2024 дар сохтори ҷуғрофии савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷойи 30-юм қарор гирифта, ҳиссаи он дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон 0,1 фоизро ташкил намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ – майи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1,4 миллион доллар ё 29,8 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 1,3 млн. доллар ба содирот ва 4,8 млн. доллар ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.

Дар мавриди ҳамкории минтақавӣ  бояд иброз дошт, ки ҳарду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавӣ, ба монанди Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай ва ғайраҳо фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамкории  минтақавӣ барои давлатҳо яке аз омилҳои муҳими рушд ва субот ба ҳисоб мераванд. Онҳо ба тақвияти иқтисод, амният, сиёсати хориҷӣ ва робитаҳои иҷтимоии байни кишварҳои ҳамсоя мусоидат менамоянд.

Ҳамкории фарҳангӣ ва илмӣ байни  ду ҷумҳурӣ   барои таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ нақши калидӣ мебозанд. Онҳо ба рушди ҳамдигарфаҳмӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории стратегӣ мусоидат мекунанд. Тоҷикистон ва Қирғизистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф ва илм ҳамкории зич доранд. Ҷашнҳои муштараки фарҳангӣ ва фестивалҳо баргузор мешаванд. Ҳамкории фарҳангӣ ва илмӣ на танҳо муносибатҳои байнидавлатиро таҳким мебахшанд, балки рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро низ таъмин мекунанд. Рушди ин ҳамкорӣ   барои сулҳ, субот ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои тоҷику қирғиз мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 7, 2025 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад