Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд

Июль 8, 2025 17:15

ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 6 филиал фаъолият менамояд, ки дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи самтҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ, таъмини бехатарӣ ва аз рӯйи зиёда аз 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 135 адад номгӯйи ихтисос зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни баргузории ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли равон иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.

Дар ҷаласа Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024, Кумита муваззаф гардид, ки ҷиҳати ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани 210 ҳазор нафар шаҳрвандон ба соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тадбирҳои амалӣ андешад.

«Бо ин мақсад барои зиёд намудани шумораи қабули хонандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ корбарӣ бо вазорату идораҳои дахлдор идома дошта, дар нақша гирифта шудааст, ки дар 5 соли оянда беш аз 1 милион нафар шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд. Кумита нақшаи ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандонеро, ки касбу ҳунар надоранд, барои нимсолаи якуми соли 2025 бо шумораи 20 ҳазор нафар тасдиқ намуда, барои иҷро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ирсол намуд»,- афзуд Фарҳод Раҳимӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 14 самт ва 300 касбу ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда мешавад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 165 касбу ихтисос зиёд мебошад.

Ба таъкиди Фарҳод Раҳимӣ, дар ин давра курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро 4 ҳазору 269 нафар хатм кард, ки аз ин 1007 нафарашро занону духтарон ташкил медиҳад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 8, 2025 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд