Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши намудҳои обӣ 2 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 23.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 варзишгар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши намудҳои обӣ, ки аз 23 июл то 3 августи соли равон дар Сингапур баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
22 июл Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон мебошад, бо варзишгарони шиновар вохӯрӣ намуд.
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши намудҳои обӣ варзишгарон Захар Пилкевич ва Ардашер Гадоев иштирок менамоянд.
Зимни суҳбат бо шиноварон Рамазон Раҳимзода варзишгаронро ба ватандӯстию ватанпарварӣ ҳидоят карда, ба онҳо дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ муваффақият таманно намуд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад






