Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он аз фаъолияти мавсими 2024 -2025 натиҷагирӣ карда шуда, масъалаҳои асосии ташкилӣ баррасӣ ва нақшаҳои мавсими нави футзал дар мамлакат муайян гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ба ҳозирин раиси нави Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон – директори генералии шабакаи нуқтаи фурӯши сӯзишвории «ОРИЁ» Абдузоир Исмоиловро муаррифӣ кард.
Раиси нави Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон Абдузоир Исмоилов ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои эътимод изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи футзал дар мамлакат тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






