Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 11 июл дар шаҳри Манилаи Ҷумҳурии Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 700 нафар намоянда аз тамоми давлатҳои ҷаҳон иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар форум масъалаҳои таҳкими устувории низомҳои тандурустӣ, омодагӣ ва вокуниш ба пандемияҳо ва дигар хатарҳои глобалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода дар ҷараёни он доир ба «Фарогии умумӣ ба хизматрасонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷриба ва роҳҳои густариш» маъруза намуда, инчунин вобаста ба вазъи соҳаи тандурустии мамлакат маълумот пешниҳод намуд.
Ҳамчунин дар ҳошияи Форуми байналмилалӣ Ғафур Муҳсинзода бо роҳбарияти Бонки осиёии рушд Масата Канда вохурӣ намуд.
Ҷонибҳо дар вохӯрӣ доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои рақамикунонии соҳа, дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






