Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид

Июль 11, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 11.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 11 июл дар шаҳри Манилаи Ҷумҳурии Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 700 нафар намоянда аз тамоми давлатҳои ҷаҳон иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд,  дар форум масъалаҳои таҳкими устувории низомҳои тандурустӣ, омодагӣ ва вокуниш ба пандемияҳо ва дигар хатарҳои глобалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода дар ҷараёни он доир ба «Фарогии умумӣ ба хизматрасонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷриба ва роҳҳои густариш» маъруза намуда, инчунин вобаста ба вазъи соҳаи тандурустии мамлакат маълумот пешниҳод намуд.

Ҳамчунин дар   ҳошияи Форуми байналмилалӣ Ғафур Муҳсинзода бо роҳбарияти Бонки осиёии рушд Масата Канда вохурӣ намуд.

Ҷонибҳо дар вохӯрӣ  доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои рақамикунонии соҳа, дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 11, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд