Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 14.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 20 июл дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Слёт 16 июл дар «Кохи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд оғоз меёбад.
Дар озмун 7 дастаи нозирони навраси ҳаракат аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Узбекистон иштирок менамоянд.
Иштирокчиёни дастаҳо аз рӯи намудҳои «Азназаргузаронии сафороӣ», «Донишмандони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», «Чархи амонӣ», «Танзимгари наврас», «Дастаи ман», «Гурӯҳҳои ташвиқотӣ», «Пурдонҳо» ва «Тарғибгари наврас» байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.
Озмун бо мақсади ҷоннок намудани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ ва омӯзиши ҳарчи бештари қоидаҳои ҳаракат дар роҳ байни ноболиғон гузаронида мешавад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






