Дар Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ «Помиринвест – 2025» доир гардид

Июль 25, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ «Помиринвест – 2025» доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.

Дар ин ҳамоиши муҳими иқтисодӣ намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ аз ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, инчунин мақомоти давлатӣ ва ташкилоти байналмилалӣ иштирок намуданд.

Форум бо мақсади ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва рушди иқтидори истеҳсолии минтақа баргузор гардида, дар он имконоти сармоягузорӣ, шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва иқтидори табиии Бадахшон муаррифӣ гардиданд.

Дар оғози Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ «Помиринвест – 2025» роҳбарияти вилоят ва меҳмонони фахрӣ сухан намуда, аҳамияти баргузории чунин форумҳоро дар рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа таъкид намуданд.

Дар доираи форум ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тамошо намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва саноатӣ муаррифӣ карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июль 25, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд