Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
ДУШАНБЕ, 03.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд. Айни замон дар шаҳр сохтмони 23 иншооти гуногуни соҳаи маориф, ки наздики 20000 ҷойи нишастро дар бар мегиранд, идома дорад. Аксари иншооти сохташаванда то соли нави таҳсил мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Муассисаҳои таълимӣ бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан, соҳибкорон, аҳолӣ ва кумитаи падару модарон сохта ва навсозӣ мешаванд. Аз 23 иншооти бунёдшавандаи соҳаи маориф, аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав, 4 бинои нави муассисаҳои таълимии фаъолиятдошта, 7 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, 4 синфхонаи иловагӣ, 2 кӯдакистон, 3 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Дар айни замон сохтмони бинои иловагӣ барои 480 хонанда дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46, бинои иловагӣ барои 960 хонанда дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ва бинои нави таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 барои 1080 хонанда идома дорад.
Сокини деҳаи Ҷавкандак Ҳасанхон Мукаррамов бо дастгирии фарзандонаш иқдом гирифтааст, ки дар деҳа бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-ро бунёд намояд. Ҳоло дар ин макон сохтмон идома дорад.
Иншоот аз сеошёна иборат буда, барои 1300 нафар дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Пас аз анҷоми сохтмон мактаб аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва дигар лавозимоти хониш таъмин карда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






