Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд

Июль 5, 2025 11:18

СУҒД, 05.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи фаъолияти Корхонаи муштараки «Зарафшон» дар шаш моҳи аввали соли 2025 ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюм дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо директори генералии ҶДММ Корхонаи муштараки «Зарафшон» Оуян Лунао мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат нақши корхонаи муштараки «Зарафшон» хеле муҳим ва назаррас аст.

Иброз шуд, ки ҶДММ корхонаи муштараки «Зарафшон» азимтарин корхонаи коркарди маъдан дар мамлакат ба ҳисоб рафта, саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ назаррас мебошад. Айни замон дар корхона зиёда аз 3000 нафар корманд фаъолият доранд, ки бахши асосии онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд.

Раиси вилоят бо ишора ба таҳлилҳои мавҷуда, пешниҳод намуд, ки роҳбарияти корхона соли равон нишондиҳандаҳои истеҳсолиро боз ҳам боло бурда, дар баробари он барои ташкили ҷойҳои нави кор, беҳбудии шароити коргарон ва дастгирии иҷтимоии онҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки корхона бояд уҳдадориҳои иҷтимоии худро сари вақт иҷро карда, дар бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз қабили мактаб ва кӯдакистонҳо дар шаҳри Панҷакент фаъолона иштирок намояд.

Директори генералии корхона Оуян Лунао аз дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки роҳбарияти ширкати «Зарафшон» тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то ҳаҷми истеҳсолотро боз ҳам афзун намояд ва саҳми худро дар рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа бештар гардонад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 5, 2025 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем