Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид

Июль 12, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 12.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид, ки дар он 59 нафар гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз дошт, ки таъсис ёфтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба насли ояндасоз буда, барои ҳавасманд намудани насли ҷавон ҷиҳати ба таҳсилоти муносиб фаро гирифтани онҳо ва ташаккул додани маҳорат ва малакаю истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.

Дар ҳамоиш иброз шуд, ки иқдоми наҷиб ва ғамхоронаи Пешвои миллат нисбат ба насли наврасу ҷавон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат баръало эҳсос гардида, ба хотири руҳбаланд намудани наврасону ҷавонон ва бо мақсади таъмини таҳсилоти муносиби ҷавонон якчанд имтиёзҳо, аз ҷумла Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, таъсис шудааст.

Ҳамзамон чанд нафар гирандагони Стипендияи президентӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ, оромиву осудагии мамлакат миннатдории самимонаро барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, таъкид намуданд, ки ҳамеша бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони асили Пешвои миллат гардида, дар рушди мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 12, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст