Дар Пекин дафтари намояндагии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими ифтитоҳи дафтари намояндагии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ҳамоиш иҷрокунандаи вазифаи Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабзода ва беш аз 80 намояндаи ширкату корхонаҳо аз шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
Ҳадафи ифтитоҳи дафтари мазкур, пеш аз ҳама, тақвияти ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, инчунин мусоидат ба тавсеаи робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкориву сармоягузории ду давлат мебошад.
Ҳамзамон пас аз маросими ифтитоҳ намояндаи Палата дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Абдухусейн Умаралиев бо баргузории рӯнамо (презентатсия) иштирокдорони чорабиниро бо имконоти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳити мусоиди сармоягузории мамлакат шинос намуд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






