Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд

Июль 26, 2025 10:46

ДУШАНБЕ, 26.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар 179 ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар 933 чорабинӣ бо фарогирии 34 ҳазору 422 нафар доир карда шуд. Чунин иттилоъ дода шуд дар ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Бохтар хабар доданд, дар ин давра вохӯрию суҳбатҳо, мизҳои мудаввар, ҳамоишу конференсияҳо, машваратҳои фардӣ, мусобиқаҳои варзишию зеҳнӣ ва санҷишу омӯзишҳо баргузор карда шуданд.

Иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи муосири Тоҷикистон на танҳо ҳизби сиёсӣ, балки неруи созандаю ваҳдатофар эътироф шудааст. Саҳми он дар барқарории сулҳ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва боло бурдани худшиносии миллӣ бебаҳо мебошад.

Дар фарҷом як зумра фаъолони ҳизб барои фаъолияти пурсамар аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо Сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар

Июль 26, 2025 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст