Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид

Июль 10, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 10.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс 90 муштзан аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок доранд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш рушд намуда, барои баргузории чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ шароит фароҳам оварда шудааст. Натиҷаи чунин ғамхориҳо буд, ки варзишгарони тоҷик ба дастовардҳои арзанда ноил гардида, сафи дӯстдорони варзиш аз ҳисоби наврасону ҷавонон сол аз сол бештар мешавад.

Мусобиқа байни варзишгарон дар вазни аз 51 кг то беш аз 92 кг доир гардида, беҳтаринҳо ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа то 12 июл идома меёбад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 10, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад