Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
ДУШАНБЕ, 18.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» 4 миллиону 80 ҳазору 179 маротиба дидан кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 680 777 маротиба ё 20 фоиз зиёд мебошад. Чунин маълумотро ба мо хадамоти русии liveinternet.ru, ки ба ҷамъоварӣ ва таҳлили ченакҳои самароникии сомонаҳо машғул аст, пешниҳод намуд.
Ҳамчунин дар ин давра теъдоди воридшавандагон ба сомонаи Агентӣ ба 1 миллиону 251 ҳазору 357 нафар расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 371 ҳазору 95 нафар ё 42 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи маълумот, дар шашмоҳаи якуми соли 2025 шумораи воридшавандагон аз ҳисоби мардон 64,7% ва занон – 35,3%-ро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод ба синни аз 18 то 24-сола – 26,1%, аз 25 то 34-сола — 36,3%, аз 35 то 44-сола – 25,5% ва аз 44-сола боло – 12,1% рост меояд.
Моро дар ин давра дар зиёда аз 100 давлати ҷаҳон хондаанд. Ба бистгонаи давлатҳое, ки соли 2025 бештар дар онҳо ба сомонаи мо ворид шудаанд, Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Британияи Кабир, Амрико, Қирғизистон, Олмон, Туркманистон, Озарбойҷон, Фаронса, Нидерланд, Беларус, Чин, Чехия, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Полша, Литва ва Арманистон дохил мешаванд.
Сохтори гузариш дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба саҳифаҳои сомона чунин аст: дохилӣ – 47,3%, аз тариқи системаҳои ҷустуҷӯӣ – 37,3%, ба воситаи саҳифаҳои иловагӣ – 12,0%, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ – 2,4% ва аз сомонаҳои дигар – 1,1%.
Асосан тавассути системаҳои ҷустуҷӯии «Google» (89,1%), «Яндекс» (10,9%), «Яндекс (аксҳо)» «Rambler», «Bing», «Search.Mail.ru», «Google картинки» ва ғайра ба сомонаи АМИТ «Ховар» гузариш анҷом дода шудааст.
Ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ки тавассути онҳо ба сомона гузариш шудааст, «facebook» (98.8%) ва «vkontakte» (1.1%) дохил мебошанд.
Албатта, чунин теъдоде аз корбарони интернет ба барномаҳои Радиои «Ховар» низ дар басомади 101,5 FM дастрасӣ дошта, метавонанд дар сомонаи www.khovar.tj мустақиман барномаҳои онро бишнаванд.
Ёдовар мешавем, ки АМИТ «Ховар» имрӯз ягона агентии иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки мақоми расмӣ дорад. Он дорои ҳуқуқи эксклюзивии ҷамъоварӣ ва паҳни иттилоот ва санадҳои расмӣ оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуқуқи шарҳи онҳо мебошад.
Агентӣ таъминкунандаи боэътимоди иттилооти саривақтӣ ва муътамад оид ба рӯйдодҳои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Маводи паҳнкардаи агентӣ аз ҷониби истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ, сафоратҳои хориҷӣ, доираҳои тиҷоратӣ, вазорату идораҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида дар Тоҷикистон ва берун аз он фаъолона истифода мешаванд.
Иттилооти АМИТ «Ховар» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва ҳуруфоти форсӣ паҳн карда мешаванд. Агентӣ бо агентиҳои иттилоотии пешрафта, хадамот ва марказҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ робитаҳои мутақобили судманд дорад.
Пайрав НАЗАРОВ,
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






