Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд дар доираи Экспедитсияи байналмилалии «Сафар ба қалби Авруосиё-2025» таҳти унвони «Суғд – чорроҳаи таърихии Роҳи Бузурги Абрешим» форуми тиҷоратӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форум намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, сармоягузорон, коршиносон ва иштирокчиёни экспедитсияро аз кишварҳои мухталиф гирди ҳам овард. Мақсади форуми тиҷоратӣ аз фароҳам овардани заминаи муколамаи мустақим байни соҳибкорони маҳаллӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, муаррифии имконоти сармоягузории минтақа ва муҳокимаи дурнамои рушди робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ иборат буд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар форум иброз намуд, ки «вилояти Суғд ҳамеша дар Роҳи Бузурги Абрешим нақши калидӣ доштааст ва имрӯз омода аст бори дигар ба нуқтаи муҳими тиҷорати байналмилалию сармоягузорӣ табдил ёбад. Аҳамияти стратегии минтақа, мавқеи ҷуғрофӣ ва захираҳои бой онро барои рушди кишоварзӣ, саноат, туризм ва логистика ҷолиб мегардонанд».
Раиси Шурои кории Русияву Тоҷикистон, директори генералии Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратӣ «Маркази байналмилалии ҳамгироии минтақавӣ» ва раиси Кумитаи тадорукоти Экспедитсияи байналмилалии «Сафар ба қалби Авруосиё-2025» Ислом Назаралиев, ки экспедитсияи сайёҳиро роҳбаладӣ менамояд, аҳамияти рушди муносибатҳои бисёрҷонибаро таъкид намуд.
Ба иттилои ӯ, Экспедитсияи байналмилалии «Сафар ба қалби Авруосиё-2025» бо мақсади муаррифии мероси фарҳангӣ, таҳкими дӯстӣ, густариши ҳамкории минтақавӣ, омӯзиши таърихи Авруосиё ва рушди соҳаи сайёҳӣ ташкил карда шудааст.
Ин экспедитсия на танҳо роҳи муштараки фарҳангӣ-таърихӣ, балки пайванди мустаҳкаме барои ояндаи дурахшони минтақа хоҳад шуд. Ҳамзамон он дӯстиро абадӣ гардонида, ҳамкориро таҳким бахшида, ба наслҳои оянда мероси неки ваҳдати умумиро боқӣ мегузорад.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






