Дар Вазорати мудофиа дастаҳои занонаи футбол ва мардонаи футзал таъсис дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл зимни вохӯрии Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода бо ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов масъалаи навсозии варзишгоҳи «Клуби марказии варзиши артиш» – и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Тибқи лоиҳа варзишгоҳ дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст буда, навсозии он соли 2023 оғоз гардид. Ин варзишгоҳ марҳила ба марҳила ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида мешавад.
Ҳангоми таҳияи лоиҳа ҳамаи меъёрҳои сохтмонӣ ва ҷузъиёти муҳими варзишӣ ба инобат гирифта шуда, корҳои насби нишастгоҳҳо дар қисмати шарқӣ, монитори калон, чароғҳои равшанидиҳанда, таъмири ҷории утоқҳои либосивазкунӣ, мураббиён ва системаи обпошии муосир ба анҷом расонида шудаанд.
Майдони бозии футбол дар масоҳати беш аз 6 ҳазор метри мураббаъ бо сабзаи табиӣ таъмин карда шудааст. Ин ба баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар сатҳи касбӣ мусоидат менамояд.
Навсозии варзишгоҳи «Клуби марказии варзиши артиш»–и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар доираи иқдоми созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ–35 солагии Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо назардошти имконоти мавҷуда ва оммавӣ гардонидани футбол дар байни кормандони вазорат тасмим гирифта шуд, ки бо ҷалби хоҳишмандон дастаҳои занонаи футбол ва мардонаи футзал таъсис дода шаванд.
Таъкид гардид, ки навсозии иншоот барои тарғиби бозии футбол ва рушди ин навъи варзиш дар байни кормандони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






