Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
ДУШАНБЕ, 02.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон (U-15) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Қошғар» байни наврасон, ки дар Чин баргузор шуд, мақоми дуюмро сазовор гашт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқа дар Шинҷон-Уйғур дар шимолу ғарби Чин баргузор шуд. Барои медалҳо 12 даста аз 7 кишвар – Тоҷикистон, Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон мубориза бурданд.
Дастаи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар тими «Синзян Юэпуҳу»-и Чин (9:0) ва «Қувватли Беден»-и Туркманистон (4:0) ғалаба намуда, аз тими «Шандун Тайшан»-и Чин шикаст хӯрд (0:4).
Наврасони мо дар даври чорякниҳоӣ бар дастаи Академияи «Сибир» (3:3, аз рӯйи силсилаи пеналтӣ – 5:3) ғолиб омада, дар нимниҳоӣ бар бошгоҳи Академияи футболи Тошканд (0:0, аз рӯйи пеналти – 6:5) пирӯз гардиданд.
Дар бозии ниҳоии мусобиқот дастаи Академияи футболи ФФТ аз тими «Бейтзин Гоан»-и Чин (2:2, аз рӯи пеналти – 5:6) шикаст хӯрд ва ҷойи дуюмро соҳиб гашт.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






