Давоми шаш моҳ аз ноҳияи Фирдавсӣ қариб 1700 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардид

Июль 28, 2025 09:33

ДУШАНБЕ, 28.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 тақрибан 1700 нафар аз ноҳияи Фирдавсӣ аъзои Ҳизби Халқии Демократӣ гардиданд. Дар ин хусус дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки 25 июл бо мақсади ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи якум дар соли 2025 ва баррасии вазифаҳо барои давраи минбаъда баргузор гардид, маълумот дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён, раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Ҷурабек Муродзода ва дигарон иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Ҷурабек Муродзода натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро дар нимсолаи якум ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки ташкилоти ҳизбӣ дар ноҳия вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, қонунҳои миллӣ ва ҳадафҳои барномавии ҳизб идома доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи охир беш аз 643 чорабинӣ бо иштироки қариб 90 ҳазор ҷавонон ва занон доир гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 теъдоди чорабиниҳо 246 адад зиёд шудааст. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аксияи ҳизбӣ бо номи «Бо ҳам ба сӯйи созандагиву бунёдкорӣ» ба роҳ монда шуда, дар доираи он зиёда аз 26 километр роҳ таъмир ва беш аз 3 ҳазору 600 дарахт шинонида шуд. Дар нимсолаи якум 9 ташкилоти нав таъсис ёфта, 1694 нафар ба сафи ҳизб дохил гардид, ки нисбат ба соли 2024 429 нафар зиёд мебошад.

Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода зимни суханронӣ аҳамияти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиро таъкид намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён аъзои ҳизбро ба фаъолона  иҷро намудани барномаҳои ҳизбӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон даъват кард.

Гуфта шуд, ки корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ, таблиғу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, ҷалби аъзои нав ба сафи ҳизб, роҳандозии иқдоми созандагиву бунёдкорӣ тавассути ҷалби сокинон аз маҳаллаҳои навворидшуда ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ вусъати тоза дода шаванд.

Дар анҷом дар робита ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ

Июль 28, 2025 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд