Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо 28 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо донишгоҳҳои байналмилалии ҷаҳон тақвият медиҳад. Соли равон донишгоҳ бо 28 муассисаи таҳсилоти олӣ ва марказҳои таълимии илмии кишварҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода 29 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз намуд, ки дар ин давра робитаҳо бо донишгоҳҳо ва марказҳои таҳсилоти кишварҳои Индонезия, Корея, Чехия, Эстония, Чин, Гурҷистон, Русия ва Узбекистон густариш ёфтанд. Таъкид гардид, ки дар натиҷа теъдоди умумии созишномаҳои амалкунандаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ ба беш аз 270 адад расид. Ин бозгӯи баланд гардидани нуфуз ва эътирофи байналмилалии донишгоҳ мебошад.
Ҳамзамон Убайдулло Асрорзода афзуд, ки дар ин давра бо иштироки 10 омӯзгори хориҷӣ аз муассисаҳои пешрафтаи илмии Британияи Кабир, Ирландия, Чин, Ҳиндустон ва Покистон бо иштироки донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон семинарҳои омӯзишӣ ва машғулият гузаронида шуданд. Ин ташаббус раванди табодули таҷрибаи пешқадамро тақвият дода, ба таҳкими иқтидории касбии ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон заминаи устувор ва мусоид фароҳам меорад.
Инчунин соли 2025 барои тақвияти ҳамкорӣ бо намояндагони муассисаҳои олии таълимии Индонезия, Чин, Испания, Британияи Кабир, Чехия, Швейтсария, Малайзия, Эстония, Ҳиндустон, Русия, Эрон, Гурҷистон, Қазоқистон ва Узбекистон 116 семинару машғулияти таълимӣ ва мулоқоти маҷозӣ гузаронида шуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






