Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳаҷми кумакпулиҳоро барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ зиёд менамояд

Июль 26, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 26.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастгирии олимону муҳаққиқон ва тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тасмим гирифтааст, ки шуруъ аз моҳи сентябри соли равон ҳаҷми кумакпулиҳоро барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ зиёд намояд. Тибқи ин тасмим, барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 7000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ 20000 сомонӣ ҷудо карда мешавад. Дар ин хусус 25 июл зимни нишасти матбуотии  донишгоҳ хабар дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар самти илм ва таҳқиқот 93,08% омӯзгорони донишгоҳ ба корҳои илмӣ машғул буда, дар давраи ҳисоботӣ 1 нафар рисолаи докторӣ ва 9 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.

Дар соли таҳсили 2024-2024 Донишгоҳи давлатии Кӯлобро 2 ҳазору 465 нафар муваффақона хатм намуда, 68 нафар соҳиби дипломи аъло гардид. Сифати умумии таълим ба 36,9% расида, нисбат ба соли 2024  1,9% афзудааст.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Июль 26, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид