Донистани роҳҳои дурусти муҳофизат аз гармии тобистон барои ҳифзи саломатӣ муҳим мебошад

Июль 22, 2025 15:45

ДУШАНБЕ, 22.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,  22-23 июл дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳаво гарм мешавад, ки ин ба воридшавии устувори анбӯҳи ҳавои хушк ва гарм алоқаманд аст. Ҳаво дар вилояти Хатлон 40+46 дараҷа гарм, дар водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 39+44 дараҷа гарм, дар водиҳои вилояти Суғд 38+43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ 35+40 дараҷа гарм мешавад.

Бояд гуфт, ки баланд шудани ҳарорати ҳаво, таъсири мустақими нурҳои Офтоб ва риоя накардани тозагиву ҳолати санитарӣ боиси авҷи бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои камхунӣ, сактаи дил, дарди гулӯ, бемориҳои пӯст, гурда, бемориҳои музмин, меъдаву рӯда ва офтобзадагӣ мегардад. Дар ин маврид мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони мамлакат чанд тавсия пешниҳод менамоянд, то саломатиашонро эмин нигоҳ доранд.

Офтобзадагӣ ё гармозадагӣ яке аз бемориҳое мебошад, ки аз таъсири нурҳои ултробунафш ба амал меояд. Нишонаҳои офтобзанӣ беҳолию бемадорӣ, баланд шудани ҳарорати бадан, табларза, дилбеҳузурию қайъкунӣ, пайдошавии ҳалқаҳои сиёҳ дар пеши чашм, сарчархзанӣ ва дарди сар мебошанд. Сипас задани набз тез ва фишори хун паст шуда, мушакҳои бадан ба дард меоянд.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар пешонии шахси офтобзада сачоқ ё рӯймоли тар гузошта, ӯро дар ҷои салқину соя бояд нигоҳ доред. Аммо ях гузоштан мумкин нест, зеро якбора аз гармӣ ба сардӣ тағйир ёфтани ҳарорат метавонад боиси ташаннуҷ  (спазм)-и рагҳо ва аз кор мондани дил гардад. Ҳамчунин ба сари шахси офтобзада рехтани оби сард ва оббозӣ кардан дар ҳавзу дарё мумкин нест. Ба шахси офтобзада нӯшидани оби маъдании бе газ ва оби ҷӯшонидаи ширгарм муфид аст. Агар шахси офтобзада қай кунад, ба ӯ доруи «Регидрон»-ро дар об ҳал карда, нӯшонед.

Бемории мавсимии дарунравӣ. Бо фарорасии фасли тобистон бемории мавсимии дарунравӣ (диарея) меафзояд. Омили гирифтор шудан ба ин беморӣ микробҳое мебошанд, ки дар наҷосат ҷойгир шудаанд. Микробҳо асосан тавассути риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ ва истеъмоли ғизои нодуруст пайдо мешаванд. Нишонаҳои ин беморӣ ҳарорати баланд, беҳоливу хоболудӣ, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ ва наҷосати обакии пай дар пай мебошанд. Ҳамчунин дар ин марҳала кӯдакон аз қабули ғизо даст мекашанд. Дар натиҷаи пешгирӣ ва табобат накардани ин бемориҳо ҳолати фавт низ ба қайд гирифта шудааст, ки ташвишовар мебошад.

Барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои меъдаву рӯда риояи қоидаи беҳдоштӣ, тозагии умумии муҳити зист ва истифодаи ғизои солим шарти аввали мубориза бо ин беморӣ аст. Зуд-зуд нӯшондани оби тозаи ҷӯшонида ва шарбати меваи тару тоза ба манфиат буда, миқдори талафёфтаи оби организмро барқарор месозад.

Бемории ғадуди сипаршакл. Агар шумо ба ин беморӣ гирифтор бошед, набояд фаромӯш созед, ки нурҳои Офтоб, ҳавои тафсон ва миқдори зиёди йоди баҳрӣ сабаби фаъолшавии ғадуди сипаршакл мегарданд. Нишонаҳои хуруҷи беморӣ зиёд арақ кардан, таппиши барзиёди дил, варами атрофи чашмон, якбора вазни худро партофта, хароб шудан,  зуд-зуд пешоб кардан, ларзиши дастон ва рехтани мӯйҳо мебошад. Дар ҳолати пайдоиши аломатҳои мазкур дарҳол ба табибони соҳа муроҷиат кардан зарур аст.

Бемориҳои дилу рагҳои хунгард. Дар ҳарорати баланд тапиши дил зиёд шуда, фишори хун баланд мешавад. Инчунин организм дар ҳавои баланд бе об мемонад. Дар ин ҳолат хун ғафс гашта,  гардиши он мушкил мешавад. Ин ҳолат боиси беҳушшавӣ, сактаи дил ва фалаҷ гашта метавонад.

Ба ин гуна нафарон тавсия дода мешавад, ки дар айни гармии ҳаво аз соати 11 то 16 беҳуда аз хона набароянд ва дар зери нурҳои сӯзони Офтоб гаштугузор накунанд. Инчунин дар ҳавои гарм кори зиёд ва ҳаракати ҷисмонӣ тавсия дода намешавад. Аз истеъмоли хӯрокҳои серравған худдорӣ намуда, бештар об ва шарбатҳои мевагӣ нӯшидан муфид аст. Инчунин барои паст намудани ҳарорати баланд ба шахсони гирифтори бемории дилу раг дар оби сард оббозӣ намудан қатъиян маън аст. Зеро оби сард рагҳои хунгардро танг месозад.

Бемориҳои пӯст. Нурҳои ултрабунафши Офтоб ба пӯст таъсир расонида, намнокии пӯст кам шуда, дар натиҷа пӯст тароваташро гум мекунад. Инчунин ҳангоми дурудароз дар зери нурҳои Офтоб қарор доштан дар рӯй ожанг пайдо мешавад. Бештар дар зери Офтоб қарор доштан боиси сӯхтани пӯст ва пайдоиши доғҳои пигментӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, мутахассисон дар айни гармии ҳаво, аз соати 11 то 16 дар берун истоданро тавсия намедиҳанд.

Илтиҳоби шуш. Пневмания (илтиҳоби шуш) бемории шадиди сироятӣ мебошад. Хуруҷи ин беморӣ дар фасли тобистон амри маъмулӣ гаштааст. Омили гирифтор шудан ба ин беморӣ гарму сард намудани организм мебошад. Бештар нафарон дар фасли гармо хеле зиёд оби сард менӯшанд, инчунин оббозӣ намуда, дар зери ҳавополонҳо (кондитсионер) мехобанд. Набояд фаромӯш кард, ки якбора пасту баланд шудани ҳарорати бадан ба саломатӣ зиён дошта, касро ба пневмания гирифтор карда метавонад. Гирифтор гаштан ба илтиҳоби шуш махсусан барои кӯдакони то 2-сола ва одамони синну солашон аз 65-сола боло, занҳои ҳомиладор, шахсоне, ки бемориҳои роҳҳои нафас ва иллатҳои дил доранд, ҳамчунин барои одамоне, ки масунияти баданашон хеле паст аст, хатарнок мебошад.

Нишонаҳои ин беморӣ ҳарорати бадан ва пайдо шудани дард дар қафаси сина буда,  ҳангоми нафаскашии бемор дард зиёдтар шуда, эҳсоси нафастангӣ маризро азият медиҳад. Сулфаи хушк, торафт гум шудани иштиҳо, беҳолию бемадорӣ аз ҷумлаи нишонаҳои дигари ин беморӣ мебошанд. Дар ҳолати гирифтор шудан ба ин беморӣ фурсатро аз даст надода, сари вақт ба табибон муроҷиат намудан зарур аст.

Мутахассисон ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки дар фасли тобистон бештар таомҳои моеъ истеъмол намоянд. Инчунин аз нӯшидани нӯшокиҳое, ки дар таркибашон шакар доранд, худдорӣ бояд кард, зеро ин нӯшокиҳо воқеан боиси аз даст додани моеъи бештари бадан мешаванд. Шумо бояд миқдори зиёди об ва афшураҳои мева бинӯшед. Аз гашту гузор дар ҳавои тафсон худдорӣ кунед. Дар вақти ба берун баромадан бо худ гирифтан сарпӯш ва айнаку обро фаромӯш насозед.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2025 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмоишгоҳи муштараки Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи чоруми Комиссияи Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории илмӣ ва техникӣ баргузор гардид
Дар мақомоти давлатӣ беш аз 18 ҳазор хизматчии давлатӣ фаъолият менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии хизмати давлатӣ Низоми иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ таҳия менамояд
То замони муосир барои шарҳи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бештар аз 10 фарҳанг ба қалам омадааст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани сирпиёз пиршавиро пешгирӣ менамояд
Водии «Ҳафткӯл» бо кӯлҳои рангоранг ва табиати афсункораш диққати сайёҳонро бештар ҷалб менамояд
Дар истироҳатгоҳи «Зинг»-и ноҳияи Ванҷ таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд-боғи падару модар» гузаронида мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани чакка барои бемориҳои системаи ҳозима ва сил муфид аст
То 23 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат нақши калидӣ дорад