Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид, ки зимни он афзалияти нодири сайёҳӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ташаббусҳои сиёсие, ки Тоҷикистонро ҳамчун макони рушдёбанда дар Осиёи Марказӣ шинос менамоянд, муаррифӣ гардид.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки ҳаҷми гардиши мутақобили мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар шашмоҳаи якуми соли 2025 беш аз 2 баробар афзудааст.
Завқӣ Завқизода изҳор дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби сармояи хориҷӣ ва вусъат бахшидан ба ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар меҳвари сиёсати иқтисодии мамлакат қарор дорад.
«Форуми имрӯза, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, эътимоди баланд ва омодагии тарафайн баргузор гардид, имкон медиҳад, ки соҳибкорони ширкатҳои пешсаф мустақиман бо ҳам мулоқот намоянд, афзалияти ҳамкориро муайян созанд ва дар тақвияти муносибатҳо заминаи нав гузоранд», — гуфт вазир.
Таъкид гардид, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Дар форум Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб, Ёддошти тафоҳуми чортарафа байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои зеҳни сунъии назди вазорат, Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманди Душанбе» ва ширкати Presight AI LTD-и Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ ба имзо расид.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»


















Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд






