Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 05.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ-майи соли 2025 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил намуда, байни кишварҳои Аврупо дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Дар ин хусус 3 июли соли равон зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Остона Салман Бал иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд дар доираи вохӯрӣ тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Конфедератсияи Швейтсария муносибатҳои ҳарду давлат пайваста рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Дар вохӯрӣ вобаста ба ташрифи соҳибкорони Швейтсария ба Тоҷикистон (15-19 сентябри соли 2025) мубодилаи афкор гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории минбаъдаи мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои амалкунанда изҳор намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






