Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад

Июль 8, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 08.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбандаи  бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо то 44 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти  ҷанубу шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм ва  рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш  пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи  бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Хокбориш ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ҷанубу  шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 16+21 дараҷа ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 24+26 дараҷа ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.

Июль 8, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд