Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Синои шаҳри Душанбе ва донишгоҳҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 24.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ соати 09:00 доир мегардад.
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино нишасти матбуотӣ соати 14:00 баргузор карда мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соати 08:00 доир мегардад.
Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 09:30 баргузор карда мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






