Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад

Июль 18, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 18.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорати ҳаво рӯзона ба 41 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 18+23 дараҷа гарм ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 дараҷа ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.

Июль 18, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд