Имрӯз дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ДУШАНБЕ, 19.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорати ҳаво рӯзона то ба 41+44 дараҷа мерасад. Аз 19 то 23 июли соли равон дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои хеле гарм пешгӯӣ мешавад, ки бо воридшавии устувори анбӯҳи ҳавои хушк ва гарм алоқаманд аст. Ҳарорати ҳаво дар ин давра дар водиҳои вилояти Хатлон 40+46 дараҷа, дар водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 39+44 ва дар водиҳои вилояти Суғд 38+43 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 18+23 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм, рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд






