Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд

Июль 25, 2025 07:30

ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 июл дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист соати 08:00 баргузор карда мешавад.

Нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ ва  Академияи илмҳои кишоварзӣ соати 09:00 дар Вазорати кишоварзӣ доир мегардад.

Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мегардад.

Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Қасри теннис ва маҷмааи варзиши оби шаҳри Душанбе доир мегардад.

Дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир карда мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 15:00 баргузор мегардад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Июль 25, 2025 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид