ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони деҳаи Навдеҳи шаҳри Норак таҷрибаи пешқадами кишоварзони ҷаҳонро меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 09.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Навдеҳи Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак дар истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ таҷрибаи бой доранд. Онҳо ҳамасола дар заминҳои наздиҳавлигиашон маҳсулоти кишоварзӣ парвариш намуда, ҳосили фаровон ба даст меоранд. Маҳсулоти ҷамъовардаашонро на танҳо барои зимистон захира мекунанд, боқимондаашро ба бозор ба фурӯш мебароранд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак иттилоъ медиҳад, дар байни сокинони ин деҳа сол то сол ташкили гармхонаҳои доимамалкунанда ривоҷ меёбад. Дар гармхонаҳо хоҷагидорон бо тавсияи мутахассисон навъҳои беҳтарини помидору бодиринг, қаламфур ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзиро парвариш менамоянд. Таҷриба нишон дод, ки бо вуҷуди заҳмати зиёд доштани ташкили гармхонаҳо барои парвариши сабзавот, даромад аз он на танҳо хароҷотро мепӯшонад, балки ду – се баробар фоида ҳам меорад.
Занону духтарони деҳаи Навдеҳ аз сабзавоту меваҳои замини наздиҳавлигиашон ҳар гуна хӯришҳо, афшура, мураббо, обмева ва аз помидору бодиринг, караму лаблабу барои зимистон консерваҳо омода ва захира мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар доираи нақша чорабиниҳои муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо сокинони ин деҳа пайваста бо усули «Хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Зимни ин суҳбату вохӯриҳо таҷрибаи оилаҳои намунавӣ дар истифодаи самараноки замин барои дигарон омӯзонида мешаванд. Натиҷаи ҳамин талошҳост, ки имрӯзҳо дар ин деҳа оилае нест, ки дар истифодаи замини наздиҳавлигӣ беаҳмиятӣ зоҳир намояд. Баръакс, дар ин деҳа байни сокинон рақобати солим дар истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳар як хонавода кӯшиш мекунад, ки аз дигарон бештар аз замин маҳсулоти кишоварзӣ рӯёнда, даромад ба даст орад. Даромади молиашро баҳри беҳтарсозии шароити зисти оилааш, аз ҷумла таъмир намудани хона, харидани техникаи маишӣ ва ғайраҳо сарф намояд.
Сокинони ин деҳа мегӯянд, ки барои ҳосили фаровон рӯёндан аз замин заҳмати зиёд кашидан лозим меояд. Аммо ин заҳматҳо бе натиҷа намемонанд-ҳам хонаводаатро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин менамоӣ ва ҳам боқимондаашро ба бозор бароварда, даромади пулӣ мегирӣ.
«Мо ҳоло аз тариқи интернет таҷрибаи пешқадами кишоварзони дигар кишварҳо, аз ҷумла кишоварзони Чинро дар парвариши маҳсулот омӯхта, онро дар амал истифода мебарем, ки натиҷаи хуб нишон дода истодааст», -мегӯянд онҳо.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






