Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод

Июль 10, 2025 10:07

ДУШАНБЕ, 10.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тобистон – айёми навгониҳо, сайру сайёҳат ва таассуротҳои нав мебошад. Барои он ки истироҳати шуморо ягон чиз халалдор насозад, МегаФон Тоҷикистон қаблан алоқаро дар гӯшаҳои машҳури вилояти Суғд устувор намудааст. Дар куҷое ки набошед – дар соҳили об, дар кӯҳҳо, зери сояи дарахтони мевадиҳанда, — алоқаи боэътимоди мобилӣ ва интернети босуръат доимо ҳамроҳи шумоянд.

Нисбат ба саломатии худ ғамхор будану бо наздикону пайвандон дар алоқа мондан дар обанбори «Зарринруд», ки дар он ҷо осоишгоҳҳои «Истаравшан» ва «Авитсенна» воқеъ мебошанд, имконпазир аст. Технологияи «овози тоза» VoLTE барои анҷом додани зангҳо бидуни тарки шабакаи 4G ҳатто дар дурдасттарин ҷойҳо имкон медиҳад.

Дар осоишгоҳи “Зумрад” дар Исфара миёни кӯҳҳо ва сабзазор расонидани эҳсосоти рангин ба дигарон, тамошои филмҳои дӯстдошта ё ҳалли вазифаҳои корӣ бо ёрии интернети баландсуръати мобилӣ осон аст. Табиат ва имкониятҳои қулайи рақамӣ дар ин ҷо ба ҳам комилан омезиш меёбанд.

Дар соҳили «Баҳри тоҷик», дар яке аз машҳуртарин макони истироҳатӣ низ фарогирии устувор таъмин гардидааст. Шумо метавонед аксҳо ва видеоҳоро бевосита аз соҳили баҳр гузоред, аз навигатсия истифода бурда, ҳамеша дастрас бошед.

Ҳатто дар мавзеи салқини қаторкӯҳҳои Шаҳристон шумо бе алоқа намемонед. Дар ҷойҳои истироҳатӣ ва меҳмонхонаҳо дур шудан аз ташвишҳо бидуни қатъ кардани алоқа бо наздикону пайвандон ва истифодабарӣ аз тамоми хизматрасониҳои дӯстдошта гуворост. Хатсайрҳоро ба нақша гиред, занг занед, таассуротатонро ба дигарон расонед – ҳамааш устувору боэътимод кор мекунанд.

“Мо кӯшиш менамоем, то истироҳати тобистонаи шуморо воқеан ҳам бароҳату қулай созем. Дар кӯҳҳо, дар соҳили баҳр ва ҳангоми боздид аз ёдгориҳои қадимаи Суғд муштариёни мо метавонанд аз алоқа истифода баранд, дар интернет маълумот пайдо намоянд, маблағҳоро ба таври онлайн идора кунанд. Бигзор ҳар як сайёҳат рангину ҷолиб ва технологӣ бошад!” – мегӯяд Раҳматҷон Раҳматов, директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд.

Июль 10, 2025 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст