Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон

Июль 24, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон барои намояндагони васоити ахбори оммаи дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ оростанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ таъкид доштанд, ки мо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намудем.

Сарвари давлати мо изҳор доштанд, ки санадҳои нави ҳамкории баимзорасида, ба тақвияти бештари заминаи ҳуқуқии рушди робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун равона гардидааст.

Таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб аз афзоиши ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ҷонибдорӣ намуданд.

Масъалаи тавсеаи бештари тамосҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими нақши дипломатияи парлумонӣ дар муносибатҳои кишварҳо ба мақсад мувофиқ дониста шуд.

Гуфта шуд, ки ҳар ду ҷониб ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Роҳбари давлати мо оид ба ҳавасмандии ду кишвар дар самти таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисоди ду кишвар, аз ҷумла саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хурокворӣ, инчунин, кишоварзӣ, хусусан чорводорӣ, изҳори андеша намуданд.

Зарурати рушди ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳои ду кишвар, густариши робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъкид гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки масъалаҳои вобаста ба амният, муқовимати муассир ба таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва минтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт.

Гуфта шуд, ки масъалаҳои коҳиш додани таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, пешбурди рӯзномаи  “сабз” ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор муҳокима гардид.

Ҳамкории созанда ва дастгирии ҳамдигарии Тоҷикистону Муғулистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар заминаи ниҳодҳои бисёрҷониба низ мавриди тазаккур қарор гирифт.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди сухан таъкид намуданд, ки зимни музокироти сатҳи олӣ шарикии ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, бахусус дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин, дигар сохторҳои ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид.

Изҳороти матбуотӣ пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон 24.07.2025

Июль 24, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон