Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ ва коргоҳу корхонаҳо ташкилоти ибтидоӣ дорад

Июль 19, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва ташкилоту муассисаҳо ташкилоти ибтидоӣ дорад, ки тавассути онҳо барномаҳои созандаро амалӣ менамояд. Чунин иттилоъ дода шуд дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 17 июл бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар он аз ҷониби Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ барои давраи сипаришуда ва вазифаҳо барои оянда мушаххас карда шуд.

Ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб дастур дода шуд, ки фаъолиятро дар самти густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстии мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон тақвият бахшанд.

Инчунин дастур дода шуд, ки манфиатҳои миллию давлатиро мунтазам ҳимоя намуда, кор бо мардумро тавре ба роҳ монанд, ки ҳар шаҳрванди мамлакат худро дар раванди давлатдорӣ масъул ҳисобад, моҳият ва ҳадафи хатарҳоеро, ки ба давлатдории мо ва истиқлолу озодии он таҳдид мекунанд, амиқ дарк намояд ва вазифаи худро дар татбиқи ҳадафҳои давлат ва ҳукумат мустақилона муайяну мушаххас карда тавонад.

Ҳамзамон ҳамаи ташкилоти ҳизбӣ вазифадор гардиданд, ки корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар самти амалигардонии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вусъат бахшида, дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ҳамкории доимию муштаракро бо тамоми субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ тавассути ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва боло бурдани эътимод ба низоми давлативу давлатдорӣ равона намоянд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҳизб хабар доданд, дар айни замон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 622 ҳазору 356 аъзо дорад. Онҳо дар пешрафти ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон нақши муассир мегузоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

Июль 19, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид