Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
ДУШАНБЕ, 06.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Зафаробод 10 ҳазору 318 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки айни замон нашъунамои ниҳолони пахта хуб мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кишоварзии ноҳияи Зафаробод хабар доданд.
Зафаробод яке аз ноҳияҳои пахтакори мамлакат мебошад, ки кишоварзонаш дар ин соҳа таҷрибаи ғанӣ доранд. Саҳмдорони ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Зафаробод тӯли чанд соли охир ҳангоми кишти ин зироати фоидаовар аз тухмиҳои серҳосилу ба шароити ноҳия мутобиқшуда, аз қабили Хуҷанд-67, Тоҷикистон, Султон ва хориҷии ДП-51-11, Синзян ва Бухоро истифода мебаранд. Зеро, ба таъкиди мутахассисони соҳа, нахи ин пунбадонаҳо хеле пурқуввату чигиташ серравған аст.
Хоҷагии деҳқонии «Бахт» яке аз хоҷагиҳои пешсафи соҳаи пахтакорӣ маҳсуб ёфта, аз 54 гектар дар 26 гектари он кишти пунбадонаи навъи чинии «Синзян» кишт намудааст. Ин навъи пунбадона ҳосилнокии баланд дошта, мавсими гузашта хоҷагии мазкур аз ин навъи тухмӣ самараи фаровон ба даст овардааст.
Кишти пахта асоси фаъолияти саҳмдоронро ташкил медиҳад. Хоҷагидорон азми қавӣ доранд, ки аз ҳар гектар майдони пахтазор зиёда аз 50 сентнерӣ ҳосили аълосифат ба даст оваранд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 январи соли равон баргузор гардид, баён намуданд: «Пахта зироате аст, ки онро бештар барои нах парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Пахтакорӣ яке аз манбаъҳои асосии таъмини ашёи хом барои саноати сабук ва ҷойи фаровони кор барои мардум мебошад».
Ҳамчунин Сарвари давлат доир ба ривоҷ додани бахши пахтакорӣ ба масъулони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ супоришҳои қатъӣ доданд, то ба истеҳсоли пахта диққати ҷиддӣ дода шавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






