Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар беш аз 3 ҳазор гектар кишти такрорӣ мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон кишоварзони шаҳри Панҷакент тасмим гирифтаанд, ки баъди ҷамъоварии ҳосили кишти асосӣ дар 3 ҳазору 137 гектар кишти такрорӣ гузаронанд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, то ин муддат дар 2 ҳазору 860 гектар картошка, шалғам, турб, сабзӣ, зироати хӯроки чорво ва дигар зироат кишт карда шудааст.
Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ дар 140 гектар баъди ҷамъоварии ғалла ва картошкаи барвақтӣ кишти такрорӣ мегузаронанд. Таҷрибаи деҳқонони варзида собит кардааст, ки дар иқлими инҷо сабзӣ, шалғам, ҷуворимакка, бодиринг, турб ва дигар зироати зудрас дар кишти такрорӣ ҳосили хуб медиҳад.
Дар боғҳои хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоати деҳот низ ҳосил фаровон буда, деҳқонон ҳоло ҷамъоварии меваҳои пешпазакро шуруъ намудаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






