Кишоварзони Тоҷикистон дар беш аз 21 ҳазор гектар бо усули обёрии зери плёнка чигит кишт намуданд

Июль 25, 2025 17:10

ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони мамлакат бо истифода аз тамоми имконот дар и 182 ҳазору 466 гектар пунбадона кишт намуданд, ки ба 97,6 фоизи иҷрои дурнамо баробар мебошад. Дар ин хусус 25 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

Муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли равон нахустин маротиба дар беш аз 21 ҳазор гектар бо усули обёрии зери плёнка чигит кишт карда шуд.

Зимни нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз коҳиш ёфтани ҳосилнокии пахта дар ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Нуралӣ Асозода вобаста ба ин масъала иброз дошт, ки таҳлилҳо нишон медиҳад хоҷагиҳои деҳқоние, ки бо усули обёрии зери плёнка чигит кишт кардаанд, ҳосили зиёд ба даст меоранд.

«Масалан, агарчӣ мо ҳосилнокии хоҷагиҳои деҳқонии пахтакорро ба ҳисоби миёна 20-сентнерӣ ҳисоб карда бошем, онҳо то 40-48-сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин натиҷаи зери плёнка кишт намудани пунбадона мебошад»,-гуфт Нуралӣ Асозода.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии пахта минбаъд дар Тоҷикистон чигит бо истифода аз технологияи муосир кишт карда мешавад. Соли равон ба ҷумҳурӣ 125 техникаи тухмипошаки зери плёнка ворид гардид, ки ба беҳтар ва осон намудани кори деҳқонон мусоидат менамояд.

Ба иттилои масъулини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои кишт намудани чигит бо усули муосир тамоми шароит фароҳам оварда шуда, танҳо зарур аст пахтакорон аз онҳо самаранок истифода намоянд.

Муовини якуми Вазири кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода гуфт, ки кишти чигит дар зери плёнка чанд омили мусбат дорад: ягонакунии ниҳолҳо ва коркарди байни қаторҳо аз байн меравад, зеро дар замини бо плёнкаи полиэтиленӣ пӯшида тухми пунбадона ва об сарфа мегардад, ковок меистанд ва сахт намешаванд. Дар ин усул, пеш аз ҳама, об захира мегардад ва ҳосили зиёд рӯёнида мешавад. Инчунин ба воситаи қубурҳои обтақсимкунанда сари вақт ба ниҳолҳои пахта нуриҳои минералӣ дода мешаванд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2025 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»