Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд

Июль 19, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 19.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар қароргоҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқанамоии лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар доданд.

Коршиносон таклифҳо оид ба лоиҳаи нақшаро баррасӣ намуда, бо назардошти муҳокимаи доиршуда ин ҳуҷҷатро маъқул донистанд.

Карор дода шуд, ки он бо тартиби муқарраршуда ба баррасии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод карда шавад.

Ба лоиҳаи нақша даҳҳо модда дохил карда шудаанд, ки ба амал баровардани якчанд тадбирҳои ташкилӣ, илмию амалӣ, инчунин чорабиниҳои самтҳои иқтисодӣ ва гуманитариро пешбинӣ менамоянд.

Баргузории ҷаласаи солонаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо қабули Изҳорот ба муносибати 35- солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баргузории «Ҳафтаи ИДМ» дар кишварҳои Иттиҳод, омода ва пахши барномаҳои телевизионӣ ва филмҳои мустанад бахшида ба ин ҷашн, ташкил ва гузаронидани Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дарси ягона дар муассисаҳои таълимӣ, намоишу экспозитсияҳо, бозиҳо ва мусобиқаҳо оид ба намудҳои гуногуни варзиш аз ин ҷумлаанд.

АКС: маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Июль 19, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид