Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба 22 кишвари ҷаҳон содирот мегардад

Июль 1, 2025 08:37

ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба 90 номгӯй расида, ба 22 кишвари ҷаҳон  содирот мегардад. Корхонаҳои шаҳр дар самти истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот саҳми назаррас доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.

Дар шаҳри Гулистон 48 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад. Дар панҷ моҳи аввали соли равон ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда дар корхонаҳои саноатии шаҳр ба 2 миллиард сомонӣ расидааст.

Ба иттилои масъулин, то охири соли равон дар шаҳри Гулистон панҷ корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор мегирад, ки бо ба фаъолият оғоз намудани онҳо на танҳо ҷойҳои нави кор таъсис меёбанд, балки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ ба маротиб афзоиш меёбад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 1, 2025 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд