МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Қаланфури тундро бештар барои иштиҳо истеъмол менамоянд
ДУШАНБЕ, 12.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои мутахассисони соҳаи тиб, истеъмоли қаламфури тунд иммунитетро мустаҳкам нигоҳ дошта, барои мубориза бо бемориҳо кӯмак мерасонад. Инчунин хавфи саратонро кам мекунад. Қаланфури тунд дорои хусусиятҳои зиддидардӣ мебошад, ки дар бештари малҳамҳои зиддидардӣ ва барои рафъи дардҳои мушак ва буғум истифода мешавад.
Ин маҳсулоти табиӣ дорои моддаҳои антиоксидантӣ мебошад, ки ба пешгирии зарари ҳуҷайраҳо аз радикалҳои озод кӯмак мекунад. Ҳамчунин моддаҳои таркиби он барои беҳтар шудани гардиши хун ва коҳиш додани фишори хун кӯмак мерасонад.
Дар таркиби ин навъи қаламфур витаминҳои А ва С мавҷуд аст. Ба тавсияи мутахассисон, қаламфури тунд манбаи витаминҳои B ва махсусан витамини B6 мебошад. Ҳамчунин дар таркби он калий, магний ва оҳан мавҷуд аст.
Ин навъи маҳсулотро бештар барои иштиҳо овардан истеъмол менамоянд. Онро барои консерваи помидор ва бодиринг фаровон истифода мебаранд. Қаланфури тундро консерва ва хушк намуда, захира менамоянд. Инчунин хушки онро кӯфта, дар хӯриш ва таомҳо барои овардани иштиҳо истифода менамоянд.
Дар тибби халқӣ ба нафароне, ки ба бемори зуком гирифтор мешаванд, истеъмоли қаланфури тундро дар илова бо таом тавсия медиҳанд. Зеро моддаҳои таркиби он, яъне тундии он бар зидди бактерияҳо мубориза мебарад. Яъне иммунитетро мустаҳкам месозад.
Абӯалии Ибни Сино хусусияти иштиҳооварӣ, пешобронӣ доштани қаламфури тундро таъкид намуда, тақвият бахшидан ба кори дилу меъда, рафъ намудани оруғ ва дамиши шикамро ҳангоми истеъмоли он иброз доштааст.
Ба ақидаи муаллифи «Муҳити Аъзам» Муҳаммад Аъзамхон, қаламфур ҳазмкунандаи таом буда, рутубати димоғу меъдаро мебарад, бодро меронад, барои сурфа муфид аст.
Табибон истеъмоли қаламфурро барои бемориҳои меъдаву рӯда, ҷигар ва гурда зараровар ҳисобидаанд.
Қаламфури тару тозаро ба ҷои дардманди мушакҳо мебанданд. Дар мавриди набудани қаламфури тар хушки онро кӯфта, бо оби гарм меомезанд ва ба ҷойҳои дардманди буғумҳо мемоланд.
Дар тибби муосир қиёми спиртии қаламфур барои беҳтар сохтани фаъолияти узвҳои ҳозима ва чун доруи иштиҳоовар тавсия дода мешавад. Аз қаламфури сурх нақеъ, линимент, капсин, капситрин ва пластир тайёр мекунанд, ки ҳангоми невралгия, радикулит, миозит ва дарди банду буғумҳо истифода менамоянд.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Истифодаи панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон метавонад ба унсури муҳими таъмини истиқлолияти энергетикӣ табдил ёбад
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ ВА РИСОЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ. Андешаҳо дар ин маврид






