МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани сирпиёз пиршавиро пешгирӣ менамояд

Июль 20, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 20.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сирпиёз бо таркиби бойи худ давои хубе барои паст намудани фишори хун буда, хусусияти бедардкунӣ, зудбарқарорёбӣ, зиддивирусӣ, несткунандаи кирми меъда ва зиддизаҳролудшавӣ дорад. Дар таркиби сирпиёз унсури селен мавҷуд аст, ки бо хусусияти зиддиоксидантияш маъруф аст.

Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, сирпиёз дар таркибаш беш аз чорсад компоненти муфид дошта, дар буния холестеринро коҳиш дода, гардиши хунро тезтар ва фишори хунро паст менамояд. Ҳамчунин хусусияти зиддиилтиҳобиро низ доро аст. Сирпиёз метавонад на танҳо бар зидди пиршавӣ ва ифлосшавии артерияҳои марказӣ, балки артерияҳои канорӣ низ мубориза барад.

Бӯйи баланди махсусро ба сирпиёз моддаҳои сулфитдор медиҳанд. Аз ин рӯ, барои раҳо намудани бӯй аз даҳон пораи лимӯ, шохчаи ҷаъфарӣ (петрушка), тухмии  ҳел (кардамон), дорчин (корица)-ро хоида ва ё ин ки даҳонатонро бо шир чайқонед. Сирпиёз масунияти баданро мустаҳкам менамояд ва организм қобилият пайдо мекунад, ки бар зидди таъсири зиёновари муҳити зист мубориза барад. Он метавонад миқдори зиёди бактерияҳоро нобуд созад.

Олимон зимни таҳқиқот муайян намудаанд, ки истеъмоли ҳамарӯзаи сирпиёз гирифторӣ ба зукомро то 63 дарсад коҳиш медиҳад. Онҳо муайян кардаанд, ки агар нафари сирпиёз истеъмолнамуда ба зуком гирифтор шавад, ӯ нисбат ба оне, ки ин маҳсулотро нахӯрдааст, тезтар бемориро паси сар менамояд.

Натиҷаҳои таҳқиқоти дигар хусусияти ҷолиби сирпиёзро нишон доданд. Зимни ин таҳқиқот муайян гардид, ки сирпиёз метавонад иммунитети инсонро тағйир диҳад. Истеъмоли ин маҳсулот кори системаи масунияти инсонро  хуб намуда,  организмро ба илтиҳоб тобовартар менамояд.

Сирпиёзро ба таркиби дорувориҳои зиёд илова мекунанд. Доруҳое, ки дар асоси сирпиёз омода шудаанд, ҳуҷайраҳои хатарноки саратонро ба таври босамар нобуд кардаанд. Бо вуҷуди ин бояд хотиррасон намуд, ки истифодаи дарозмуддати сирпиёз метавонад боиси нобуд шудани микрофлораи рӯда ва нороҳатии он гардад.

Ҳамчунин сирпиёз барои табобати харобшавии системаи асаб, бемориҳои пешобдон, инчунин поксозии организм тавсия дода мешавад. Сирпиёз имкон дорад варами хатарноки мағзи сарро нест намояд. Ҳамчунин таъсири мусбати сирпиёз ба фаъолияти дил исбот карда шудааст.

Ҳангоми гирифтор шудан ба бемории исқорбут (цинга) сирпиёзро ба ҳама гуна хӯрок илова карда мехӯранд ва ё дар алоҳидагӣ бо нон истеъмол мекунанд.

Табибон тавсия медиҳанд, ки барои халосӣ аз кирми рӯда зарур аст, ки ба болои 10 г сирпиёзи тозакарда об ва ё шири ҷӯшидаистодаро резед. Он барои ду маротиба иҷро намудани микроклизма кифоя аст.

Ҳангоми гирифтор шудан ба бемории дарди гулӯ метавонед гӯлуятонро бо маҳлули аз сирпиёз омодашуда чайқонед: 1 ҳиссачаи сирпиёзро реза намуда, ба болояш 1 стакон оби ҷӯшонида резед, як соат онро нигоҳ доред ва баъд истифода баред.

Ҳамзамон барои муолиҷаи бемориҳои роҳи нафас мебояд 5 дандонаи сирпиёзро қима намуда, ба он ҷурғот илова кунед ва то 30 дақиқа нигоҳ доред. Маҳлули омодашударо метавонед дар ҳолати гарм, 1 қошуқчагӣ дар як рӯз якчанд маротиба истеъмол намоед.

Хӯрдани сирпиёз ҳам барои занон ва ҳам мардон муфид аст. Он барои рафъи мушкилоти роҳи пешобдон фоидаовар аст. Бо шарофати хосиятҳои безараргардонияш сирпиёз равандҳои илтиҳобиро нест мекунад.

Мутахассисон хӯрдани сирпиёзро ба беморони гирифтори бемориҳои музмини меъдаю рӯда, ба монанди захми меъда, панкреатит ва гастрит тавсия намедиҳанд.

Тавре табибон иброз медоранд, аз меъёр зиёд хӯрдани сирпиёз, бахусус дар шиками гушна манъ аст. Он дар ин ҳолат ба ҷудошавии фаъоли шарбати меъда оварда мерасонад, ки дар ҳолати набудани ғизо ба луобпардаи меъда зарари бештар мерасонад.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 20, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ…». Фалсафаи амиқи ҳастӣ ва роҳнамо барои ҳифзи асолати миллӣ
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст