МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани сирпиёз пиршавиро пешгирӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 20.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сирпиёз бо таркиби бойи худ давои хубе барои паст намудани фишори хун буда, хусусияти бедардкунӣ, зудбарқарорёбӣ, зиддивирусӣ, несткунандаи кирми меъда ва зиддизаҳролудшавӣ дорад. Дар таркиби сирпиёз унсури селен мавҷуд аст, ки бо хусусияти зиддиоксидантияш маъруф аст.
Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, сирпиёз дар таркибаш беш аз чорсад компоненти муфид дошта, дар буния холестеринро коҳиш дода, гардиши хунро тезтар ва фишори хунро паст менамояд. Ҳамчунин хусусияти зиддиилтиҳобиро низ доро аст. Сирпиёз метавонад на танҳо бар зидди пиршавӣ ва ифлосшавии артерияҳои марказӣ, балки артерияҳои канорӣ низ мубориза барад.
Бӯйи баланди махсусро ба сирпиёз моддаҳои сулфитдор медиҳанд. Аз ин рӯ, барои раҳо намудани бӯй аз даҳон пораи лимӯ, шохчаи ҷаъфарӣ (петрушка), тухмии ҳел (кардамон), дорчин (корица)-ро хоида ва ё ин ки даҳонатонро бо шир чайқонед. Сирпиёз масунияти баданро мустаҳкам менамояд ва организм қобилият пайдо мекунад, ки бар зидди таъсири зиёновари муҳити зист мубориза барад. Он метавонад миқдори зиёди бактерияҳоро нобуд созад.
Олимон зимни таҳқиқот муайян намудаанд, ки истеъмоли ҳамарӯзаи сирпиёз гирифторӣ ба зукомро то 63 дарсад коҳиш медиҳад. Онҳо муайян кардаанд, ки агар нафари сирпиёз истеъмолнамуда ба зуком гирифтор шавад, ӯ нисбат ба оне, ки ин маҳсулотро нахӯрдааст, тезтар бемориро паси сар менамояд.
Натиҷаҳои таҳқиқоти дигар хусусияти ҷолиби сирпиёзро нишон доданд. Зимни ин таҳқиқот муайян гардид, ки сирпиёз метавонад иммунитети инсонро тағйир диҳад. Истеъмоли ин маҳсулот кори системаи масунияти инсонро хуб намуда, организмро ба илтиҳоб тобовартар менамояд.
Сирпиёзро ба таркиби дорувориҳои зиёд илова мекунанд. Доруҳое, ки дар асоси сирпиёз омода шудаанд, ҳуҷайраҳои хатарноки саратонро ба таври босамар нобуд кардаанд. Бо вуҷуди ин бояд хотиррасон намуд, ки истифодаи дарозмуддати сирпиёз метавонад боиси нобуд шудани микрофлораи рӯда ва нороҳатии он гардад.
Ҳамчунин сирпиёз барои табобати харобшавии системаи асаб, бемориҳои пешобдон, инчунин поксозии организм тавсия дода мешавад. Сирпиёз имкон дорад варами хатарноки мағзи сарро нест намояд. Ҳамчунин таъсири мусбати сирпиёз ба фаъолияти дил исбот карда шудааст.
Ҳангоми гирифтор шудан ба бемории исқорбут (цинга) сирпиёзро ба ҳама гуна хӯрок илова карда мехӯранд ва ё дар алоҳидагӣ бо нон истеъмол мекунанд.
Табибон тавсия медиҳанд, ки барои халосӣ аз кирми рӯда зарур аст, ки ба болои 10 г сирпиёзи тозакарда об ва ё шири ҷӯшидаистодаро резед. Он барои ду маротиба иҷро намудани микроклизма кифоя аст.
Ҳангоми гирифтор шудан ба бемории дарди гулӯ метавонед гӯлуятонро бо маҳлули аз сирпиёз омодашуда чайқонед: 1 ҳиссачаи сирпиёзро реза намуда, ба болояш 1 стакон оби ҷӯшонида резед, як соат онро нигоҳ доред ва баъд истифода баред.
Ҳамзамон барои муолиҷаи бемориҳои роҳи нафас мебояд 5 дандонаи сирпиёзро қима намуда, ба он ҷурғот илова кунед ва то 30 дақиқа нигоҳ доред. Маҳлули омодашударо метавонед дар ҳолати гарм, 1 қошуқчагӣ дар як рӯз якчанд маротиба истеъмол намоед.
Хӯрдани сирпиёз ҳам барои занон ва ҳам мардон муфид аст. Он барои рафъи мушкилоти роҳи пешобдон фоидаовар аст. Бо шарофати хосиятҳои безараргардонияш сирпиёз равандҳои илтиҳобиро нест мекунад.
Мутахассисон хӯрдани сирпиёзро ба беморони гирифтори бемориҳои музмини меъдаю рӯда, ба монанди захми меъда, панкреатит ва гастрит тавсия намедиҳанд.
Тавре табибон иброз медоранд, аз меъёр зиёд хӯрдани сирпиёз, бахусус дар шиками гушна манъ аст. Он дар ин ҳолат ба ҷудошавии фаъоли шарбати меъда оварда мерасонад, ки дар ҳолати набудани ғизо ба луобпардаи меъда зарари бештар мерасонад.
Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
ОМОРИ МУОСИР ВА ЗАРУРАТИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ РАҚОБАТПАЗИР. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон дар самтҳои асосии рушди мамлакат қабул гардид
Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд
ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба тарзи тайёр намудани зардолуи хушк барои фасли зимистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба пӯпаки ҷуворимакка ва фоидаи он
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН. Дар соҳаи кишоварзӣ ҳаво ва иқлим нақши аввалиндараҷа доранд






