МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани туршак организмро ҷавон карда, масуниятро баланд мебардорад

Июль 27, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 27.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Туршак ё шилха-як навъ гиёҳи бисёрсола дар таркиби худ витаминҳо, кислотаҳои органикӣ ва минералҳо дошта, ба саломатӣ таъсири мусбат мерасонад. Ин растаниро барои пухтупаз ё истеҳсоли маҳсулоти тиббӣ ва косметикӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Истеъмоли он кори узвҳои ҳозимаро ба танзим дароварда, системаи иммунии одамро баланд мебардорад.

Хусусияти давоии туршак аз қадим маълум аст. Абӯалӣ ибни Сино шираи онро чун заҳрарон, бехашро барои майда кардани санги гурда, тухмашро ҳангоми табобати захми меъда ва исҳоли куҳан истифода бурдааст.

Ба тавсияи мутахассисон, шилха ё туршак дорои нахест, ки фаъолияти муътадили узвҳои ҳозимаро нигоҳ дошта, гуруснагиро коҳиш медиҳад ва барои хориҷ кардани моддаҳои зараровар аз бадан кумак мерасонад. Нахи дар таркиби ин растанӣ мавҷуда  бо равандҳои илтиҳобӣ дар рӯдаҳо мубориза мебарад ва микрофлораи рӯдаҳоро нигоҳ медорад.

Дар таркиби ин растанӣ витаминҳо ва моддаҳои минералие, ки системаи иммунии инсонро беҳтар месозанд, мавҷуданд. Витамини С кумак мерасонад, то организми инсон сафедаҳое ҳосил намояд, ки барои мубориза бар зидди вирусҳо ва сироятёбӣ муқобилият нишон диҳанд. Таркиби шилха дорои оҳан, калтсий ва магний мебошад. Ин моддаҳо низ барои кори муътадили системаи иммунии организм хеле муҳим мебошанд.

Туршак аз витамини С бой аст, ки дар синтези коллаген иштирок мекунад. Ин сафедаест, ки бофтаи пайвасткунандаро ташкил медиҳад. Он раванди пиршавии пӯстро суст мекунад ва хосиятҳои муҳофизатии онро зиёд менамояд. Коллаген инчунин устухонҳо ва нохунҳоро мустаҳкам мекунад, афзоиши мушакҳоро метезонад ва ба рафъи дарди буғумҳо кумак мерасонад.

Бояд гуфт, ки организм мустақилона магний тавлид карда наметавонад, ки он барои фаъолияти муътадили системаи асаб зарур аст. 100 грамм кабудӣ 103 мг магний дорад (меъёри шабонарӯзӣ 300-400 мг аст). Бо норасоии магний шахс метавонад дар худ хастаҳолӣ ва ё изтироб эҳсос кунад. Аксар вақт ин нишонаҳо бехобӣ низ дар пай доранд.

Баргҳои шилха дорои флавоноидҳо мебошанд. Муҳаққиқони австралиягӣ аз Донишгоҳи Эдит Коуэн муайян кардаанд, ки дар одамоне, ки миқдори кофии пайвастагиҳои флавоноид (500 мг) истеъмол мекунанд, эҳтимоли аз саратон фавтидан камтар мешавад. Барои мисол: 500 мг флавоноидҳо дар як афлесун ё 100 г брокколи мавҷуданд.

Туршакро чун хӯриш ва ҳамчун алафи баҳорӣ ба хӯрок илова карда, истеъмол менамоянд. Баргаш сервитамин- дорои 115 мг витамини С ва 8 мг каротин, инчунин витамини В1 мебошад.

Дар баробари фоида ба организми инсон туршак метавонад таъсири манфӣ низ расонад. Он дорои оксалатҳо мебошад, ки метавонанд ба ташаккули сангҳои гурда мусоидат кунанд. Одамони гирифтори ниқрис (подагра) ва дигар ихтилоли мубодилаи моддаҳои пурин бояд истеъмоли онро маҳдуд кунанд. Дар баъзе одамон имкон аст аз туршак ҳассосият дар шакли хориш ва доғи пӯст ба вуҷуд ояд.

Агар туршак ба миқдори зиёд истеъмол карда шавад, метавонад бо баъзе доруҳо якҷо шуда, самаранокии онҳоро коҳиш диҳад ё таъсири онро зиёд кунад. Он ҳамчунин метавонад боиси нороҳатии меъда гардад.

Мавсими шилха аз моҳи май оғоз шуда, бо фарорасии тирамоҳ ба охир мерасад. Аммо ҳатто дар фасли сармо туршак метавонад ба хӯроки мо гуногунӣ илова намояд. Туршакро метавон ях кунонид, хушконид ва ё дар сирко хобонид. Бо ин тарз он дар тамоми фасли  сол барои истеъмол дастрас хоҳад буд.

Июль 27, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст